Шоҳбонуи Дания имрӯз ба Тоҷикистон меояд

Шоҳбонуи  Дания Мари имрӯз бо сафари нахустин ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар сатҳи олӣ як қатор дидору гуфтушунидҳо анҷом медиҳад. Бино ба маълумоти намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, шоҳбону  Мари аз як қатор муассисаҳои тиббии кишвар, аз ҷумла рӯзи 23-юми октябр аз Маркази захиравии тренингии назди Пажуҳишгоҳи педиатрия ва  Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасон […]

Аваз Юлдошев


Шоҳбонуи 


Дания Мари имрӯз бо сафари нахустин ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар сатҳи олӣ як қатор дидору гуфтушунидҳо анҷом медиҳад.

Бино ба маълумоти намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ,

шоҳбону 

Мари аз як қатор муассисаҳои тиббии кишвар, аз ҷумла рӯзи 23-юми октябр аз Маркази захиравии тренингии назди Пажуҳишгоҳи педиатрия ва  Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасон дар ноҳияи Варзоб боздид мекунад. Худи ҳамин рӯз малика дар ҷараёни хизматгузории тавонбахшии тиббӣ барои кӯдакони гирифтори бемории полиомиелит иштирок мекунад.

Рӯзи 24-уми октябр ш

оҳбонуи 


Дания бо фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, маркази солимии деҳот дар ноҳияи Ваҳдат ва Маркази миллии солимии репродуктивӣ шинос мешавад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар ш

оҳбонуи 


Данияро мудири минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Жужанна Якаб, ки санаи 23-юми октябр ба Тоҷикистон меояд, ҳамроҳӣ мекунад.

Сафари ш

оҳбонуи 


Дания Мари ба Тоҷикистон то 25-уми октябр идома меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.