КДАМ: Боздошти гурӯҳи нашъаҷаллобон ҳамроҳ бо афсари марзбон

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ як гурӯҳи нашъаҷаллобонро дар шаҳри Душанбе, ки ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва минбаъд ба Русияву Аврупо машғул буданд, безарар гардониданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КДАМ Тоҷикистон хабар дод, дар ҷараёни амалиёт панҷ нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки ба ҳайати он як афсари […]

Аваз Юлдошев



Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ як гурӯҳи нашъаҷаллобонро дар шаҳри Душанбе, ки ба интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва минбаъд ба Русияву Аврупо машғул буданд, безарар гардониданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз КДАМ Тоҷикистон хабар дод, дар ҷараёни амалиёт панҷ нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятпеша, ки ба ҳайати он як афсари нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ низ шомил аст, боздошт шуда, аз нашъаҷаллобон 100 кило афюн ва 32 кило героин дарёфт ва мусодира шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати боздоштшудагон аз рӯи якчанд моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, бинобар сабаби идомаи тафтишот, аз ифшои ному насаби онҳо худдорӣ карда мешавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.