Пешниҳоди дар Кӯлоб боз кардани намояндагии Маркази исломӣ

Рӯҳонии маъруфи минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ мулло Ҳайдар (Ҳайдар Шарифов) пешниҳод кард, ки дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон намояндагии Маркази исломии Тоҷикистон (муфтиёт) боз карда шавад. Тавре ба «Азия-Плюс» мудири шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов хабар дод, ин пешниҳодро ӯ зимни семинар-машварате иброз доштааст, ки муовини раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана […]

Турко Дикаев



Рӯҳонии маъруфи минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ мулло Ҳайдар (Ҳайдар Шарифов) пешниҳод кард, ки дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон намояндагии Маркази исломии Тоҷикистон (муфтиёт) боз карда шавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» мудири шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов хабар дод, ин пешниҳодро ӯ зимни семинар-машварате иброз доштааст, ки муовини раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷумъахон Ғиёсов дар Кӯлоб гузаронидааст.

Ба гуфтаи ӯ, мулло Ҳайдар ин пешниҳоди худро бо он асоснок кардааст, ки дар минтақа дар маҷмӯъ 558 масҷид амал карда, 558 нафар имомхатибон дар ҳалли мушкилот аксаран намедонанд, ки ба Кумита муроҷиат кунанд ё Маркази исломӣ.

«Фаъолияти намояндагии Маркази исломӣ дар минтақа садҳо нафарро аз мушкилоти зиёдатӣ ҳам дар Душанбеву ҳам дар Кӯлоб раҳо карда, ба ҳаллу фасли зудтари онҳо мусоидат мекунад», – иброз доштааст мулло Хайдар.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.