Аз оғози мавсими ҷамъоварии ҳосили пунбадона дар Тоҷикистон ба санаи 19-уми октябр беш аз 286 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки зиёда аз 70%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.
Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, феълан дар вилояти Хатлон – беш аз 200 ҳазор тонна, вилояти Суғд – 78 ҳазор тонна ва навоҳии тобеи марказ – 8,3 ҳазор тонна ҳосили пахтаи имсола ҷамъоварӣ шудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, дар ҷумҳурӣ имсол пунбадона дар майдони беш аз 177 ҳазор гектар кишт шудааст. Тибқи пешгӯиҳо, соли равон ҷамъоварии зиёда аз 400 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шудааст. Маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ даҳаи сеюми моҳи август шурӯъ шуда буд.
Соли гузашта пунбадона дар майдони 192 ҳазор гектар кишт шуда, 395 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.



