ВКД Тоҷикистон ба кумаки ҳамтоёни русиягӣ ниёз дорад



Дар шаҳри Москва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерал-полковники политсия Колоколтсев Владимир Александрович вохӯрӣ доир намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо як қатор масъалаҳои муҳим, аз қабили муқовимат ба терроризму экстремизм, масъалаи таъмини шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди Федератсияи Россия бо шиносномаҳои хориҷӣ ва шаҳодатномаҳои ронандагии биометрӣ, масъалаи тайёр намудани кадрҳои тахассуси алоҳида дар Донишкадаҳои ВКД Федератсияи Россия, инчунин масъалаҳои душаҳрвандӣ, таъмини сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо сару либоси низомӣ ба таври ройгон ва тайёр намудани кадрҳоро дар соҳаи экспертизаи фоноскопӣ (овозшиносӣ) мавриди баррасӣ қарор доданд.

Гуфта мешавад, аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия Владимир Колоколтсев аллакай якчанд супориш оиди масъалаҳои баррасишуда ба сохторҳои дахлдор дода шуд. Вохӯрӣ дар фазои дӯстию якдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилан судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ВКД Русия, зимни баррасии фаъолияти муштараки вазоратҳо дар самти муқовимат ба ҷинояткории муташаккилона, В.Колоколтсев изҳор доштааст, ки «комёбӣ дар мубориза бо ин таҳдид бештар ба ҳамоҳангсозии дақиқи кӯшишҳои сохторҳои интизомии ҳарду кишвар вобаста аст».

Дар мулоқот зикр гардидааст, ки самти афзалиятноки ҳамкории мутақобилаи Вазоратҳои корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон табодули маълумот аст, ки ба боздошти ҷинояткорон ва муайян кардани макони будубоши афроди мавриди ҷустуҷӯ қарордошта мусоидат мекунад.

«Ғайр аз ин, бо дархости ВКД Тоҷикистон айни замон масъалаи кумаки зарурии моддӣ-техникӣ ба ҳамтоёни тоҷик мавриди баррасӣ қарор дорад», – хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД Русия.

spot_imgspot_img

Популярное