Болоравии қурби доллару евро ва коҳиши қурби рубл



Қурби доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ тайи ҳафтаи равон дар нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон каме боло рафта, ба санаи 23-юми октябр ба ҳисоби миёна 5,1776-5,1995 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ҳафтаи гузашта қурби доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна ба 5,1730-5,1930 баробар буд. Санаи 23-юми октябр қурби 1 доллари ИМА дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳрҳои Душанбе – 5,1800-5,2020, Хуҷанд – 5,2000-5,2100 ва Қӯрғонтеппа – 5,1800-5,2000 сомониро ташкил дод.

Гуфта мешавад, дар ин рӯзҳо, қурби миёнаи амалиётҳо бо рубли русӣ паст фаромада, ба 0,1250-0,1260 сомонӣ барои як рубли русӣ баробар шудааст. Ҳафтаи гузашта қурби миёнаи рубли русӣ нисбати сомонӣ 0,1260-0,1275 барои 1 рубли русиро ташкил дода буд.

Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки дар ин давра қурби евро каме боло рафта, ба 6,5240-6,5620 сомонӣ барои 1 евро баробар шудааст. Ҳафтаи гузашта қурби евро нисбат ба сомонӣ 6,4695-6,5320 сомонӣ барои 1 евроро ташкил медод.

spot_imgspot_img

Популярное