Телефонҳои боварии «Барқи тоҷик» дар муҳлати амали лимити барқ

Бо мақсади ошкор намудани ҳолатҳои васли ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқ, ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» дар муҳлати амали реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар кишвар, ки ахири моҳи сентябр ҷорӣ гардид, телефонҳои бовариро роҳандозӣ намуд. Котиби матбуотии ширкат Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки васли ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқ, ки аз […]

Аваз Юлдошев



Бо мақсади ошкор намудани ҳолатҳои васли ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқ, ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» дар муҳлати амали реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар кишвар, ки ахири моҳи сентябр ҷорӣ гардид, телефонҳои бовариро роҳандозӣ намуд.

Котиби матбуотии ширкат Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки васли ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқ, ки аз ҷониби афроди ҷудогона сурат мегирад, ба интиқоли нерӯи барқ ба истеъмолгарони боинсофу бовиҷдон, ки саривақт маблаги истифодаи барқро пардохт мекунанд,  таъсири манфӣ мерасонад.

«Тариқи тамос бо рақамҳои телефонҳои боварии

235-86-74

ва

235-86-84

шаҳрвандон метавонанд дар бораи вайрон кардани реҷаи интиқоли нерӯи барқ дар минтақаҳо ва ҳолатҳои васли ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқ ба ширкат хабар диҳанд», – гуфт Ёдгорӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.