Хадамоти муҳоҷират амалиёти «Муҳоҷир-2014»-ро пайгирӣ дорад

Бо дастури вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода намояндагии хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия ҷараёни амалиёти «Муҳоҷир-2014» -ро пайгирӣ мекунад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ВКД Русия, аз 23-юми октябр дар шаҳри Маскав аз ҷониби кормандони мақомоти пулис, Хадамоти федералии муҳоҷират, Хадамоти федералии амният ва хадамоти махсус амалиёти «Муҳоҷир-2014» шурӯъ шуд, то […]

Аваз Юлдошев



Бо дастури вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода намояндагии хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия ҷараёни

амалиёти «Муҳоҷир-2014»

-ро пайгирӣ мекунад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ВКД Русия, аз 23-юми октябр дар шаҳри Маскав аз ҷониби кормандони мақомоти пулис, Хадамоти федералии муҳоҷират, Хадамоти федералии амният ва хадамоти махсус амалиёти «Муҳоҷир-2014» шурӯъ шуд, то 2-юми ноябр идома меёбад.

Котиби матбуотии намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки кормандони намояндагӣ ҳамроҳ бо хадамоти консулгарии ҶТ дар Маскав ошкор сохтаанд, ки дар ҷараёни ин амалиёт дар шуъбаҳои пулиси Ҳавзаи шарқии шаҳри Маскав – 8 нафар, Ҳавзаи ҷанубӣ – 21 нафар ва шуъбаи пулиси ноҳияи Красноселски шаҳри Маскав –  25 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон қарор доранд.

«Шахсони масъул дар ин шуъбаҳои пулис изҳор доштанд, ки баъди анҷоми расмиёти зарурии санҷиши будубош ва фаъолияти қонунии муоҷирон дар қаламрави Русия ва дар сурати тасдиқи қонунӣ будани онҳо, шаҳрвандони ба шуъбаҳо овардашуда раҳо карда мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки давоми 4 рӯзи амалиёти «Муҳоҷир-2014» дар пойтахти Русия беш аз 14 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ боздошт шуданд. Хадамоти матбуоти Раёсати ВКД Русия дар шаҳри Маскав иттилоъ медиҳад, ки аз рӯйи натиҷаҳои амалиёт дар ин рӯзҳо 10 нафар муҳоҷироне ошкор шудаанд, ки мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд ва ҳамчунин зиёда аз 40 кофтуковҳо гузаронида шуда, тибқи моддаи 322.1 Кодекси ҷиноии Русия 6 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар робита ба ин масъала намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия бо сохторҳои дахлдори Хадамоти федерали муҳоҷирати Русия доимо дар тамос буда, ҳамчунин ба муроҷиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ нисбати баргузории ин амалиёт саривақт посух медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.