Таҷрибаомӯзии соҳибкорзанон ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии Хатлон дар Суғд

Рӯзи 31 октябр Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ як гурӯҳ занони соҳибкор, намояндагони ташкилотҳои байналмилаливу ҷамъиятии вилояти Хатлонро бо роҳбарии Дилбар Халилова, директори ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Фидокор» ба ҳузур пазируфт. Зимни сӯҳбат таъкид шуд, ки ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Фидокор» дар асосои дастуру супоришҳои Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи Рушд тавассути ҳамкории минтақавиро […]

ASIA-Plus



Рӯзи 31 октябр Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ як гурӯҳ занони соҳибкор, намояндагони ташкилотҳои байналмилаливу ҷамъиятии вилояти Хатлонро бо роҳбарии Дилбар Халилова, директори ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Фидокор» ба ҳузур пазируфт.

Зимни сӯҳбат таъкид шуд, ки ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Фидокор» дар асосои дастуру супоришҳои Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ,  мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Барномаи Рушд тавассути ҳамкории минтақавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад. Дар доираи ин Барнома таҷрибаомӯзии минтақавӣ таҳти унвони «Соҳибкории иҷтимоии занон ҳамчун омили таъминсозии устувории молиявӣ барои ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Хатлон» роҳандозӣ гардидааст ва таҷрибаомӯзӣ дар вилояти Суғд низ сурат мегирад. Таъкид шуд, ки таҷрибаомӯзии минтақавӣ бо мақсади шинос намудани намояндагони созмонҳои ҷамъиятии вилояти Хатлон бо таҷриба ва дастовардҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорзанони вилояти Суғд гузаронида шуда, дар барпо намудани робитаҳои ҳамкорӣ миёни онҳо мусоидат менамояд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ зимни мулоқот ҳамкории минтақавии байни вилоятҳои ҷумҳуририро муҳим арзёбӣ намуда, ба меҳмонон оид ба дастгирии занони соҳибкор ва эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва шуғлҳои хонагӣ ба монади қолинбофӣ ва адрасбофӣ дар вилояти Суғд маълумот дод. Таъкид шуд, ки дар вилоят алҳол 40 марказҳои омӯзиши қолинбофӣ ва ҳунарҳои дастӣ амал мекунад, ки дар онҳо зиёда аз 1000 нафар то имруз соҳибҳунар шудаанд. Дар маркази адрасбофии «ВетТоҷ» бошад давоми ду моҳ беш аз 500 нафар таълим гирифтаанд, ки ин иқдом яке аз роҳҳои асосии кам кардани муҳоҷират ва коҳиш додани хушунат нисбати занон мебошад.

Ҳамчунин Раиси вилоят дар оянда низ ташкил намудани сафарҳои гурӯҳҳои соҳибкорон, собиқадорони меҳнат, илму фарҳанг ва дигар табақаҳои ҷомеаро ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Суғд тавсия дод. Дар ин самт зикр ёфт, ки яке аз чунин сафарҳои фарҳангиро гуруҳи рақсии «Зебо» дар моҳҳои наздик ба вилояти Хатлон анҷом медиҳад, ки ин низ ба дустиву ҳамкории вилоятҳои Тоҷикистон заминаи боэътимод мегузорад.

Ба меҳмонон гарнтҳои таъсисёфтаи Раиси вилоят барои дастгирии ҳунармандон, тақдими дастгоҳҳои қолинбофӣ ва адрасбофӣ ба занон, сӯзанидӯзии тарзи бухороӣ, тоблуфаршҳои эронӣ ва адрасбофии дастӣ хеле писанд омад. Онҳо ҳамчунин аз дастгирӣ ва пазироии гарму самимии мардуи вилояти Суғд изҳори сипос намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.