Рӯзҳои наздик президенти Тоҷикистон аз пойтахти Чин – шаҳри Пекин боздид намуда, рӯзҳои 7-8-уми ноябр дар кори Муколамаи шарикони Форуми Осиёву Уқёнуси Ором оид ҳамкории иқтисодӣ (АТЭС) иштирок мекунад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.
Бино ба гуфти ӯ, дар ҷараёни кори форуми мазкур дидору гуфтушунидҳои алоҳидаи сарвари давлати Тоҷикистон бо чанде аз сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои як қатор давлатҳо дар назар аст.
«Сарвари давлати Тоҷикистон бори нахуст дар кори нишасти Форуми Осиёву Уқёнуси Ором оид ҳамкории иқтисодӣ (АТЭС) ширкат меварзад», – гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки феълан Тоҷикистон узви Форуми Осиёву Уқёнуси Ором оид ҳамкории иқтисодӣ (АТЭС) нест.


