Тақрибан 90%-и ҷиноятҳо нисбати журналистон нокушода боқӣ мемонад

Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар Созмони Милали муттаҳид бори нахуст Рӯзи байнулмилалии хотима додан ба беҷазо мондан барои ҷиноятҳо нисбати журналистон ҷашн гирифта шуд. Бино ба маълумоти Кумитаи оид ба ҳимояти журналистон, аз соли 2004 то соли 2013 ҳадди ақал 370 журналистон кушта шуда, марги онҳо ба ин ё он гунае ба фаъолияти касбии онҳо […]

ASIA-Plus



Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар Созмони Милали муттаҳид бори нахуст Рӯзи байнулмилалии хотима додан ба беҷазо мондан барои ҷиноятҳо нисбати журналистон ҷашн гирифта шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи оид ба ҳимояти журналистон, аз соли 2004 то соли 2013 ҳадди ақал 370 журналистон кушта шуда, марги онҳо ба ин ё он гунае ба фаъолияти касбии онҳо марбут буд. То ҳол омилҳои марги 333 нафар рӯзноманигорон комилан ошкор нагардидааст.

Танҳо соли 2012 директори генералии ЮНЕСКО куштори 123 журналистро маҳкум намуда, соли 2013 ин нишондиҳанда то 92 шумор кам шуд, вале ба ҳар ҳол, соли гузашта низ яке аз солҳои дуюми бештар марговар барои журналистон маҳсуб меёбад.

Ба гуфтаи корманди Кумита Музаффар Сулаймонов, аз оғози сол дар Украина 7 журналист ва намояндагони ВАО кушта шудаанд. «Аксари онҳо аз зӯроварии ҷисмонӣ ба ҳалокат расида, аз 5 то 7 журналистон то ҳол дар шарқи кишвар – вилоятҳои Луганску Донетск дар асорат қарор доранд», – гуфтааст ӯ дар мусоҳиба ба радиои СММ.

Ёдрас мекунем, ки Маҷмаъи умумии СММ соли гузашта дар бораи тасдиқи Рӯзи байнулмилалии хотима додан ба беҷазо мондан барои ҷиноятҳо нисбати журналистон қатънома қабул кард. Ин сана ба хотири ёдбуди ду журналисти фаронсавӣ, ки 2-юми ноябри соли 2013 дар Мали кушта шуданд, интихоб гардидааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.