Таъсиси гурӯҳи кории парлумон оид ба таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи нафту газ»

Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров оид ба таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи нафту газ» гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Тавре котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин масоили ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи навбатии имрӯзаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров оид ба таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи нафту газ» гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд.

Тавре котиби матбуотии МНМО ҶТ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯро ҳамчунин масоили ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи интихоби вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ», «Дар бораи Қушунҳои дохилии ВКД ҶТ», «Дар бораи фармоиши давлатӣ дар бахши мудофиа», «Дар бораи Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ», «Дар бораи мақоми давлатии хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ», «Дар бораи мубориза бо терроризм», «Дар бораи мақомоти амнияти миллии ҶТ», «Дар бораи мубориза бо ифротгароӣ (эктремизм)», «Дар бораи мудофиаи гражданӣ», «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014», «Дар бораи сирҳои давлатӣ», «Дар бораи ҳимояи давлатӣ ва дастгирии соҳибкорӣ» ва «Дар бораи реклама» низ баррасӣ шуданд.

Ба гуфтаи манбаъ, бо қарори Шӯро лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи маълумоти миёнаи касбӣ» ҷиҳати омӯзиш ба кумитаҳои дахлдори палатаи поёнии парлумон ирсол шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.