Беш аз 440 нафар сокинони Суғд ба сафҳои Ҳизби аграрӣ пайвастанд

Дар ҷараёни сафари муовини аввали раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) Рустам Латифзода ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд беш аз 440 нафар сокинони вилоят ба сафҳои ин ҳизб шомил гардиданд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти ҲАТ, зимни сафари Латифзода ба ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар ин ноҳияҳо ташкилотҳои ҳизб таъсис дода шуда, ҳамин тариқ, […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷараёни сафари муовини аввали раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) Рустам Латифзода ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд беш аз 440 нафар сокинони вилоят ба сафҳои ин ҳизб шомил гардиданд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ҲАТ, зимни сафари Латифзода ба ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар ин ноҳияҳо ташкилотҳои ҳизб таъсис дода шуда, ҳамин тариқ, ба ҷуз шаҳри Истиқлол, ҲАТ акнун дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бахшҳои худро дорад.

«Латифзода ҳамчунин андешаи кишоварзони вилояти Суғд оид ба масъалаҳои андозбандии бахши кишоварзӣ, таъминоти моддиву техникии хоҷагиҳои деҳқонӣ, дастрасии кишоварзон ба қарзҳои имтиёзнок, таъсиси корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзиро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дод», – қайд мекунад маркази матбуоти ҲАТ.

Зимнан зикр гардид, ки моҳи ноябр дар тамоми минтақаҳои кишвар конфронсҳои бахшҳои маҳаллии ҲАТ доир гардида, дар онҳо вакилон ба анҷумани шашуми пешазинтихоботӣ, ки санаи 18-уми декабр доир мегардад, интихоб мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.