Боздиди сафири Ҷопон аз дафтари кории ҲХДТ

Зимни вохӯрии муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта доир гардид, масоили марбут ба рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни кишварҳо, омодагирии ҲХДТ ба интихоботи парлумонии ахири моҳи феврали соли оянда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» […]

Аваз Юлдошев



Зимни вохӯрии муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Асрор Латифзода бо сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта доир гардид, масоили марбут ба рушди муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни кишварҳо, омодагирии ҲХДТ ба интихоботи парлумонии ахири моҳи феврали соли оянда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сухангӯи ҲХДТ Усмон Солиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки А.Латифзода ба сафир ҳамчунин дар бораи таърихи таъсиси ҳизб, сохтор ва нақши он дар ҳаёти имрӯзаи сиёсии кишвар маълумот дод.

Дипломати Ҷопон дар бораи нақшаҳои кишвараш оид ба таҳкими пояҳои демократия дар Тоҷикистон, густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат ва ҳамчунин бахши иҷтимоӣ ибрози назар намуд.

«Сафир роҷеъ ба лоиҳаҳои аз ҷониби ҳукумати Ҷопон мавриди амал қарордошта дар Тоҷикистон дар соҳаҳои рушди деҳот ва омодакунии мутахассисони ҷавони тоҷик дар кишвараш низ маълумот дод», – қайд кард Солиев.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.