Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд (БОР) дар ҳамдастӣ бо Бонки содироту воридоти Корея ва ташкилоти ғайритиҷоратии «Habitat for Humanity» дар шаҳри Душанбе намоишоҳ (экспо) оид ба самаранокии энергетикӣ созмон медиҳанд.
Тавре аз намояндагии доимии БОР дар Душанбе иттилоъ доданд, намоишгоҳ таҳти унвони «Самаранокии энергетикӣ – интихоби оқилонаи Шумо» рӯзҳои 20-22-юми ноябри соли равон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин чорабинӣ намояндагони корхонаву ташкилотҳои ватаниву хориҷии машғул ба истеҳсоли маҳсулот ва таҷҳизоти аз нигоҳи энергетикӣ самаранок гирдиҳам омада, тамошогарон бо маҳсулоти сарфа ва самараноки бахши энергетика, технологияҳои нави ин соҳа ва сарчашмаҳои алтернативии энергия шинос мешаванд.
«Маҳсулот ва таҷҳизоти аз нигоҳи энергетикӣ сарфакор ва самаранок дар дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат фоидаоваранд ва мо бовар дорем, ки ин чорабинӣ ба беҳбуди сатҳи огаҳӣ, дониш ва хоҳиши аҳолӣ ҷиҳати истифодаи ин навъи маҳсулот мусоидат мекунад», – иброз доштааст намояндаи домии БОР дар ҶТ Си.Си.Ю.
Қобили зикр аст, ки БОР бурс дар ҳаҷми 10 млн. доллари ИМА ба лоиҳаи
«Дастрасӣ ба молияи сабз» (Доступ к зеленым финансам»)
ҷиҳати мусоидат ба оилаҳои Тоҷикистон дар афзоиши дастрасӣ ба энергия ва самаранокии энергия тариқи маблағгузорӣ ба қарорҳои «оқилона»-и энергияи сабзро маъқул шуморид. Лоиҳа бо бурси кумаки техникӣ оид ба фароҳам оврадани имконот дар ҳаҷми 750 ҳазор доллари ИМА аз ҳисоби воситаҳои Фонди коҳиши камбизоатии Ҷопон дастгирӣ мешавад.



Свет нест
Бовар кунед ман хайрон мешавам
Дар холате,ки куваи барк набошад мо чиро бояд сарфа намоем се соат куваи барке,ки дар як шабона руз медиханд фурсатхам намешавад то уро сарфа намоем.