Нигаронии вазири кишоварзӣ аз сардиҳои барвақти иқлим

Date:



Ахири ҳафтаи сипаришуда дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо назардошти тағйирёбии боду ҳаво, сардшавиву боришоти аз ҳад зиёди рӯзҳои охир таҳти роҳбарии вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Қосим Роҳбар ситоди навбатии ҷумҳуриявӣ доир гардид, ки дар ҷаласаи мазкур кулли аъзои ситоди ҷумхуриявӣ иштирок намуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, вазир зимни баромади худ аз хунукии барвақти иқлим дар Тоҷикистон изҳори ташвишу нигаронӣ намуда, таъкид кард, ки баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва ғалладонагиҳо, аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода карда шуда, ҳамкориро бо ситодҳои ҷамоату ноҳия ва вилоятҳо пурзӯр намоянд. Ҳосили боқимондаи зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, меваю сабзавот низ саривақт ҷамъоварӣ ва захира карда шавад. Баҳри зиёд намудани маҳсулотҳои ба содирот нигаронидашуда, аз ҷумла зиёд намудани заминҳои кишти пиёз чораҳои амалӣ пешбинӣ гардад.

«Ҳамзамон масалаи захираи тухмии зироатҳои кишоварзиро дар мадди аввали фаъолияти сохторҳои вазорат қарор дода, барои самаранок гузаронидани кишти тирамоҳӣ ва омодагӣ ба кишти баҳорӣ ҳаматарафа чораҳои зарурӣ андешидан лозим аст», – қайд намуд Қосим Роҳбар.

Гуфта мешавад, инчунин сохторҳои вазорат вазифадор карда шуданд, ки баҳри самаранок ва саривақт ба анҷом расонидани кишти тирамоҳӣ, омода намудани замин барои ҳосили соли оянда ва ҷамъоварии захираи кофии хӯрокаи чорво чораҳои  амалӣ андешанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аъзои ситоди ҷумҳурӣ вазифадор карда шуданд, ки баҳри сари вақт иҷро намудани супоришҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон оиди омодагӣ ба зиминстонгузаронӣ бо  мақомотҳои маҳалӣ ҳамкориро пурзӯр намоянд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...