Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири корҳои хориҷии Японияро ба ҳузур пазируфт

Date:



Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе муовини вазири корҳои хориҷии Япония Кентаро Соноураро ба ҳузур пазируфт.


Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳ ва мазмуни муносиботи ду кишвар баҳои баланд дод ва гуфт «Тоҷикистон ҷонибдори тавсиаи робитаҳои гуногуни ҳамкорӣ бо Япония мебошад».


Бо изҳори қадрдонӣ аз дастгириҳои Япония аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла зикр гардид, ки тайи зиёда аз 20 сол бо кумаки ин давлати дӯст дар кишвари мо беш аз 300 лоиҳаи иҷтимоӣ амалӣ карда шудааст. Як зумра лоиҳаҳои дигар дар ҳоли амалишавӣ қарор доранд ва соли равон боз ду созишномаи грантии дигар барои таъмини ноҳияи Панҷ бо оби нӯшокӣ ва беҳсозии фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ба имзо расидаанд.


Изҳори бовар карда шуд, ки оянда дар баробари кумакрасонӣ ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ба ҳарду ҷониб судманд ҳам тавсиа меёбад.


Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва илму техника низ сурат гирифт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related