Барои вохӯрӣ бо фаъолони Бадахшон нахуствазир ба Хоруғ раҳсипор шуд

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода субҳи имрӯз ба маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ сафар кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти мамлакат Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод. Бино ба иттилои котиби матбуотии раиси ВМКБ Раҳмонқул Раҳмонқулов, дар шаҳри Хоруғ вохӯрии нахуствазир бо фаъолони вилоят доир мегардад, ки дар он масоили […]

Аваз Юлдошев



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода субҳи имрӯз ба маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – шаҳри Хоруғ сафар кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сармушовири хадамоти матбуоти президенти мамлакат Субҳиддин Муҳиддинов хабар дод.

Бино ба иттилои котиби матбуотии раиси ВМКБ Раҳмонқул Раҳмонқулов, дар шаҳри Хоруғ вохӯрии нахуствазир бо фаъолони вилоят доир мегардад, ки дар он масоили марбут ба вазъи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии вилоят баррасӣ мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки нахуствазир ҳамчунин дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани як қатор иншоот, аз ҷумла бинои таваллудхонаи нави вилоят, хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, манзили зист барои кормандони Раёсати КДАМ ва бинои хизматӣ барои воҳидҳои махсуси мақомоти милиса дар вилоят низ ширкат хоҳад варзид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.