Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири корҳои хориҷии Японияро ба ҳузур пазируфт

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе муовини вазири корҳои хориҷии Япония Кентаро Соноураро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳ ва мазмуни муносиботи ду кишвар баҳои баланд дод ва гуфт «Тоҷикистон ҷонибдори тавсиаи […]

ASIA-Plus



Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе муовини вазири корҳои хориҷии Япония Кентаро Соноураро ба ҳузур пазируфт.


Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили вобаста ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар баррасӣ шуда, Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳ ва мазмуни муносиботи ду кишвар баҳои баланд дод ва гуфт «Тоҷикистон ҷонибдори тавсиаи робитаҳои гуногуни ҳамкорӣ бо Япония мебошад».


Бо изҳори қадрдонӣ аз дастгириҳои Япония аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла зикр гардид, ки тайи зиёда аз 20 сол бо кумаки ин давлати дӯст дар кишвари мо беш аз 300 лоиҳаи иҷтимоӣ амалӣ карда шудааст. Як зумра лоиҳаҳои дигар дар ҳоли амалишавӣ қарор доранд ва соли равон боз ду созишномаи грантии дигар барои таъмини ноҳияи Панҷ бо оби нӯшокӣ ва беҳсозии фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе ба имзо расидаанд.


Изҳори бовар карда шуд, ки оянда дар баробари кумакрасонӣ ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузории ба ҳарду ҷониб судманд ҳам тавсиа меёбад.


Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва илму техника низ сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.