Барномаи нави зидди маводи нашъаовари СММ оид ба Тоҷикистон

Рӯзҳои 10-11 ноябри соли 2014 года дар шаҳри Душанбе семинар дар мавзӯи “Муайян намудани натиҷаҳои стратегӣ барои омода намудани Барномаи нави СММ дар Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалим Маҳмудзода иштирок ва баромад намуданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар суханронии […]

ASIA-Plus



Рӯзҳои 10-11 ноябри соли 2014 года дар шаҳри Душанбе семинар дар мавзӯи “Муайян намудани натиҷаҳои стратегӣ барои омода намудани Барномаи нави СММ дар Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар он муовини Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалим Маҳмудзода иштирок ва баромад намуданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар суханронии худ Ҳ.Маҳмудзода қайд намуданд: «…дар моҳи октябри соли 1999 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ Лоиҳаи AD/TAJ/99/D65 «Ташаккули институтсионӣ, коркарди стратегия ва такмил додани чораҳо оид ба назорати маводи нашъаовар ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон», ки он бомуваффақиятона ба анҷом расонида шуд. Ба шарофати расонидани ёрии амалӣ дар доираи лоиҳаи мазкур имрӯз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз мақомоти босалоҳият ва самараноки ҳифзи ҳуқуқи мамлакат табдил ёфтааст, ки дар арсаи байналмилалӣ пурра эътироф шудааст».

Ба Намояндагии СММ дар Тоҷикистон дар таҳияи Барномаи нав оид ба масъалаи расонидани кӯмак дар амалисозии минбаъдаи «Стратегияи миллии мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» пешниҳод карда шуд.

Дар семинар қайд гашт, ки дар доираи коркарди барномаи нав, ки дар ҳамкории зич бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор гузаронида шудаанд, аллакай давраҳои муҳими омодасозиро ба охир расониданд. Инчунин, аз натиҷаи семинарии дурӯза нуқтаҳои муҳими фаъолияти дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ муайян гашт.

Дар кори семинар ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев, мувоини вазири рушди иқтисодиёт ва савдои ҶТ Умед Давлатзода, инчунин намояндаҳои дигари СММ ва ВАО иштирок намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.