Оғози сафари кории президент ба ноҳияи Ёвон

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ ва мулоқот бо мардуми касбу кори гуногун ба ноҳияи Ёвони сафар кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар даромадгоҳи ноҳия Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти ноҳияву вилоят ва масъулини дигар самимона истиқбол гирифтанд. Ба иттилои манбаъ, дар канори роҳи даромадгоҳи ноҳияи Ёвон […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ ва мулоқот бо мардуми касбу кори гуногун ба ноҳияи Ёвони сафар кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар даромадгоҳи ноҳия Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти ноҳияву вилоят ва масъулини дигар самимона истиқбол гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, дар канори роҳи даромадгоҳи ноҳияи Ёвон бо иштироки президенти кишвар ва тариқи ҳашари умумӣ ба бунёди боғи нави дарахтони мевадиҳанда асос гузошта шуд. Сарвари давлат як ниҳоли дарахти дарозумри сояафкан шинонда, ба бунёди боғи нав оғоз бахшид. Барои иштирок дар ҳашари ниҳолшинонӣ наздики ҳазор нафар аз сокинони деҳоти атрофи ин ноҳия ҷамъ омаданд. Тавре иттилоъ доданд, дар ин ҷо асосан чормағз ва дигар дарахтони мевадиҳандаи ба иқлими ин мавзеъ мутобиқ шинонда мешаванд.

Гуфта мешавад, зимни ин сафар як зумра корхонаҳои истеҳсолӣ бо садҳо ҷойи нави корӣ ва як мактабу як бинои иловагӣ дар беморхонаи марказии ноҳия ба кор дароварда шуда, ба оғози сохтмони чанд корхонаи нави саноатӣ асос гузошта мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.