Оғози омӯзиши нишондиҳандаҳои буҷети соли оянда дар парлумон

Дар Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагон Амиршо Миралиев бо ҳузури роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои дахлдори мамлакат ҷаласаи васеи Кумитаи палатаи поёнии парлумон оид ба иқтисод ва молия баргузор гардид. Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои […]

ASIA-Plus



Дар Маҷлиси намояндагон таҳти раёсати муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагон Амиршо Миралиев бо ҳузури роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳои дахлдори мамлакат ҷаласаи васеи Кумитаи палатаи поёнии парлумон оид ба иқтисод ва молия баргузор гардид.

Тавре котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласа лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» ва нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2016-2017» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2015 ба маблағи 15 млрд. 278,4 млн. сомонӣ ё 28,9 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ пешбинӣ гардидааст, ки он нисбат ба соли 2014 ба андозаи 9,9 фоиз ё 1 млрд. 377,3 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар буҷети давлатии соли оянда хусусияти иҷтимоӣ нигоҳ дошта хоҳад шуд, зеро 50%-и хароҷоти умумии буҷет ба бахши иҷтимоии кишвар рост меояд, ки нисбат ба соли равон 17% бештар аст. Танҳо барои афзоиши музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо беш аз 400 млн. сомонӣ маблағ равона мегардад.

Дар таҳияи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2015 нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ аз рӯи афзоиши реалӣ ба андозаи на камтар аз 7,2 фоиз ба маблағи 52 млрд.821 млн. сомонӣ, индекси дефлятор – 6,3 фоиз, меъёри таваррум – 7,5 фоиз ва қурби миёнаи солонаи асъори миллӣ нисбат ба 1 доллари амрикоӣ 5,00 сомонӣ муайян карда шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки лоиҳаи қонуни мазкур ба баррасии ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон, ки санаи 19-уми ноябр дар Душанбе доир мегардад, пешниҳод мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.