Президенти Чехия рӯзи 25-уми ноябр ба Тоҷикистон меояд

Президенти Чехия Милош Земан рӯзҳои 25-27-уми ноябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар робита ба ин аз имрӯз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ бақайдгирии намояндагони ВАО-и ватанию хориҷиро барои пӯшиши иттилоотии боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд. Қобили зикр аст, ки ин […]

ASIA-Plus



Президенти Чехия Милош Земан рӯзҳои 25-27-уми ноябр бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар робита ба ин аз имрӯз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ бақайдгирии намояндагони ВАО-и ватанию хориҷиро барои пӯшиши иттилоотии боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд.

Қобили зикр аст, ки ин нахустин сафари сарвари давлати Чехия ба Тоҷикистон тӯли тамоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистиону Чехия каме бештар аз 2,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2% зиёдтар аст. Дар ҳаҷми умумии муомилоти молӣ миёни кишварҳо ба маблағи беш аз 2 млн. доллари ИМА аз Чехия ба Тоҷикистон маҳсулот ворид карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.