Боздошти тоҷики мавриди пайгард қарордошта дар Иркутск

Date:



Хадамоти матбуоти ВКД Русия


иттилоъ медиҳад


, ки дар шаҳри Иркутск шаҳрванди 24-солаи таҳти пайгарди қонуни федералӣ қарордошта боздошт гардидааст.

Дар маълумот зикр мегардад, ки кормандони мақомоти пулис дар наклиёти шаҳри Иркутск дар ҳамдастӣ бо намоянагони Интерпол дар истгоҳи шаҳр шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро боздошт намудаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ, ин шаҳрванд муддати солҳои тӯлонӣ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвараш дар қаламрави Русия паноҳ мебурдааст.

«Дар ватанаш ӯ ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти марбут ба таҷовуз ба номус мавриди ҷустуҷӯ эълон шудаааст», – қайд мешавад дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки боздоштшуда ба ҳабс гирифта шуда, дар тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Иркутск қарор дорад ва масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон ҳаллу фасл мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...