Дар Сочиву Самара 26 нафар тоҷикон истирдод ба ватанро интизоранд

Date:



Зимни мулоқоти корманди намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо сардори тавкифгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар вилояти Самараи Русия Виктор Попов зикр гардид, ки аз 95 шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин ҷо нигаҳдорӣ мешаванд, 14 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Котиби матбуотии намояндагии мақомоти мазкури Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки В.Попов гуфтааст, аз 14 нафар тоҷикон 2 нафарашон аз рӯи парвнадаҳои ҷиноӣ ва 12 нафари боқимонда тибқи парвандаҳои маъмурӣ дар ин марказ қарор доранд.

«Корманди намояндагӣ бо онҳо мулоқот карда, бо шароити зисташон аз наздик ошно гардид. Раҳбарияти марказ изҳор намуд, ки айни замон асноди зарурии ба ватан истирдод шудани онҳо омода мегардад. Зимни боздиди аз тавқифгоҳ раиси ташкилоти ҷамъиятии маркази миллии фарҳанги тоҷикон «Родина-Ватан»-и шаҳри Толятти Шароф Азимов низ ҳузур дошт», – иброз дошт Аҳмадов.

Ба гуфтаи ӯ, боз як корманди намояндагӣ ба тавқифгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Сочи сафарбар шуда, маълум шудааст, ки феълан дар он ҷо 12 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд.

«Дар ҳамдастӣ бо хадамоти консулагрии ҶТ дар Русия барои 2 шаҳрванди Тоҷикистон санадҳои бозгашт ба ватан дастрас шуда, ба мақомоти дахлдор супурда шуданд. Ба се нафари онҳо кумаки ҳуқуқӣ расонида шуд», – қайд кард номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки шаҳрвандони Тоҷикистон Алишер ва Манучеҳр Сараевҳо бар ин назаранд, ки боздошти онҳо ғайриқонунист. «Барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо адвокат киро карда шуда, дар фурсати наздиктарин аз болои қарори суд нисбати онҳо ба зинаи болоӣ шикоят бурда мешавад», – афзуд корманди намояндагӣ. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...