Дар Сочиву Самара 26 нафар тоҷикон истирдод ба ватанро интизоранд

Зимни мулоқоти корманди намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо сардори тавкифгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар вилояти Самараи Русия Виктор Попов зикр гардид, ки аз 95 шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин ҷо нигаҳдорӣ мешаванд, 14 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Котиби матбуотии намояндагии мақомоти мазкури Тоҷикистон дар Русия […]

Аваз Юлдошев



Зимни мулоқоти корманди намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират бо сардори тавкифгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар вилояти Самараи Русия Виктор Попов зикр гардид, ки аз 95 шаҳрвандони хориҷие, ки дар ин ҷо нигаҳдорӣ мешаванд, 14 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Котиби матбуотии намояндагии мақомоти мазкури Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки В.Попов гуфтааст, аз 14 нафар тоҷикон 2 нафарашон аз рӯи парвнадаҳои ҷиноӣ ва 12 нафари боқимонда тибқи парвандаҳои маъмурӣ дар ин марказ қарор доранд.

«Корманди намояндагӣ бо онҳо мулоқот карда, бо шароити зисташон аз наздик ошно гардид. Раҳбарияти марказ изҳор намуд, ки айни замон асноди зарурии ба ватан истирдод шудани онҳо омода мегардад. Зимни боздиди аз тавқифгоҳ раиси ташкилоти ҷамъиятии маркази миллии фарҳанги тоҷикон «Родина-Ватан»-и шаҳри Толятти Шароф Азимов низ ҳузур дошт», – иброз дошт Аҳмадов.

Ба гуфтаи ӯ, боз як корманди намояндагӣ ба тавқифгоҳи муваққатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Сочи сафарбар шуда, маълум шудааст, ки феълан дар он ҷо 12 шаҳрванди Тоҷикистон қарор доранд.

«Дар ҳамдастӣ бо хадамоти консулагрии ҶТ дар Русия барои 2 шаҳрванди Тоҷикистон санадҳои бозгашт ба ватан дастрас шуда, ба мақомоти дахлдор супурда шуданд. Ба се нафари онҳо кумаки ҳуқуқӣ расонида шуд», – қайд кард номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки шаҳрвандони Тоҷикистон Алишер ва Манучеҳр Сараевҳо бар ин назаранд, ки боздошти онҳо ғайриқонунист. «Барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо адвокат киро карда шуда, дар фурсати наздиктарин аз болои қарори суд нисбати онҳо ба зинаи болоӣ шикоят бурда мешавад», – афзуд корманди намояндагӣ. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.