Боздиди сафирони тозатаъини 14 кишвар аз ВКХ Тоҷикистон

Санаи 17 ноябри соли равон маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони навтаъйини чордаҳ давлати хориҷӣ ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, нусхаҳои эътимодномаҳои худро сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷатулло Фағонӣ, Малайзия Дато Норъайнӣ, Канада Шон Стайл, Ҷумҳурии Ирландия Оун ОЛири, Шоҳигарии Нидерланд Дриссер […]

ASIA-Plus



Санаи 17 ноябри соли равон маросими супоридани нусхаҳои эътимодномаҳои сафирони навтаъйини чордаҳ давлати хориҷӣ ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, нусхаҳои эътимодномаҳои худро сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳуҷатулло Фағонӣ, Малайзия Дато Норъайнӣ, Канада Шон Стайл, Ҷумҳурии Ирландия Оун ОЛири, Шоҳигарии Нидерланд Дриссер Генри Юберро, Ҷумҳурии Португалия Марио Годино де-Матуш, Ҷумҳурии Эстония Яан Рейнхолд, Ҷумҳурии Молдова Андрей Галбур, Ҷумҳурии Боливарии Венесуэла Аменутип Замрану, Мексика Улиси Канчули, Шоҳигарии Дания Томас Винклер, Ҷумҳурии Словения Приможа Шелиго, Ҷумҳурии Гана Алҳоҷӣ Баваҳ Гилберт, Босния ва Гертсоговина Эдиб Буквич супориданд.

Гуфта мешавад, пас аз маросим мулоқотҳои дуҷонибаи Сироҷидин Аслов бо сафирони навтаъйин доир гардид, ки зимни он ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зимнан зикр мегардад, ки С. Аслов сафиронро бинобар ба ин вазифа таъин шуданашон табрик намуда, бо онҳо ҷиҳати амалигардонии фаъолияти касбиашон комёбиҳо таманно намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.