Нақшаи ҷамъоварии ҳосили пахта қариб 92% иҷро шуд

То аввали ҳафтаи равон дар Тоҷикистон тақрибан 92% аз нақшаи пешбинишуда ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд. Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, аз оғози мавсими ҷамъоварии ҳосили пунбадона то 17-уми ноябр кишоварзони ҷумҳурӣ ҳудуди 374 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки 91,5%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар Вазорати кишоварзӣ зикр карданд, ки маъракаи ғунучини […]

Пайрав Чоршанбиев



То аввали ҳафтаи равон дар Тоҷикистон тақрибан 92% аз нақшаи пешбинишуда ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд.

Тавре аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд, аз оғози мавсими ҷамъоварии ҳосили пунбадона то 17-уми ноябр кишоварзони ҷумҳурӣ ҳудуди 374 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки 91,5%-и нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад.

Дар Вазорати кишоварзӣ зикр карданд, ки маъракаи ғунучини ҳосили имсолаи пунбадона идома дошта, айни замон дар майдонҳои кишвар 115 ҳазор нафар ба ҷамъоварии ҳосили пахта машғуланд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, дар ҷумҳурӣ имсол пунбадона дар майдони беш аз 178 ҳазор гектар кишт шудааст. Тибқи пешгӯиҳо, соли равон ҷамъоварии  4080 ҳазор тонна пахта ба нақша гирифта шудааст. Маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта дар ҷумҳурӣ даҳаи сеюми моҳи август шурӯъ шуда буд.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта пунбадона дар майдони 192 ҳазор гектар кишт шуда, 395 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, ахири ҳафтаи сипаришуда дар ҷаласаи навбатии ситоди ҷумҳуриявӣ вазири кишоварзии ҶТ Қосим Роҳбар аз хунукии барвақти иқлим дар Тоҷикистон 

изҳори ташвишу нигаронӣ намуда

, таъкид кард, ки баҳри беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва ғалладонагиҳо, аз тамоми воситаю имкониятҳо истифода карда шуда, ҳамкориро бо ситодҳои ҷамоату ноҳия ва вилоятҳо пурзӯр намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.