Дастоварди гуштигирони тоҷик дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё

Паҳлавонони тоҷик дар сабқати гуштии кураш аз рӯи барномаи Бозиҳои IV соҳилии Осиё дар ҷазираи Пҳукети Таиланд ду медал – як тилло ва як биринҷӣ – ба даст оварданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҶТ, паҳлавони маъруфи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов рӯзи душанбеи 17-уми ноябр дар сабқати гуштии кураш дар вазни беш аз 90 кг нахуст […]

ASIA-Plus



Паҳлавонони тоҷик дар сабқати гуштии кураш аз рӯи барномаи Бозиҳои IV соҳилии Осиё дар ҷазираи Пҳукети Таиланд ду медал – як тилло ва як биринҷӣ – ба даст оварданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии ҶТ, паҳлавони маъруфи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов рӯзи душанбеи 17-уми ноябр дар сабқати гуштии кураш дар вазни беш аз 90 кг нахуст дар даври чорякниҳоӣ бар Пйерре Боу Абоуд аз Лубнон бо ҳисоби 1-0 ғалаба кард. Баъдан дар даври ниманиҳоӣ гуштигири Муғулистон Даваануам Алтангерелро бо ҳисоби 1-0 шикаст дод. Муҳаммадмурод дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Икромиддин Аҳмадӣ аз Афғонистон бо ҳисоби 1-0 ғолиб омад ва барои ҷойи аввал бо медали тилло мукофотонида шуд.

Паҳлавони дигари тоҷик Саидҷалол Саидов рӯзи душанбе дар сабқати гуштии кураш дар вазни то 90 кг дар даври ниманиҳоӣ аз Насиф Илёс аз Лубнон бо ҳисоби 0-1 мағлуб гашт ва барои ҷойи севум бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. 

Дар Бозиҳои IV соҳилии Осиё, ки дар ҷазираи Пҳукети Тайланд то рӯзи 23-юми ноябр идома хоҳанд кард, варзишгарони 36 кишвари қора ширкат доранд. Ба барномаи Бозиҳо 28 намуди варзиш дохил аст.

Тоҷикистонро дар ин бозиҳо 14 варзишгар (11 мард ва 3 зан) дар 4 намуд – самбо (2 мард), ҷиу-ҷитсу (3 мард ва 1 зан), гуштии кураш (4 мард) ва волейбол (2 мард ва 2 зан) намояндагӣ мекунанд.

Нахуст дар сабқати самбо байни мардон ду варзишгари тоҷик  -Мустафо Ҳасанов дар вазни то 68 кило ва Зайналобуддини Аъзамхон дар вазни то 82 кило вориди рақобат шуданд. Вале ҳарду дар даври аввал аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳо маҳрум гаштанд.

Варзишгарони тоҷик дар намуди ҷиу-ҷитсу низ ноком шуданд. Дар сабқати мардон Сулаймон Ғиёсов (70 кг), Алиҷон Давлатов (70 кг) ва Фарҳод Сафолов (60 кг) ва дар сабқати занон Наргис Нозирова (60 кг) бе медал монданд.

Рӯзи 15-уми ноябр паҳлавони тоҷик Баҳодур Ҳалимов дар сабқати гуштии кураш дар вазни то 66 кг бар варзишгари Ҷопон дастболо шуд, вале дар чорякфинал аз гуштигири Эрон мағлуб гашт.

Дар сабқати кураш гуштигири тоҷик Сафарбек Муродов дар вазни то 81 кг рӯзи 16-уми ноябр аз сабқат бо рақибаш аз Сурия даст кашид.

Рӯзи 16-уми ноябр дастаи мардонаи волейболи соҳилӣ (Ҳамроз Фазлоншоев ва Шодӣ Назарамонов) нахустин бозиашро ба тими Тайланд бо ҳисоби 0-2 бохт. Дастаи занонаи волейболи соҳилӣ (Махфирати Неъматулло ва Назокати Неъматулло) низ рӯзи якшанбе аз тими Тайланд бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд. Дастаи мардона 17-уми ноябр аз тими Тайван бо ҳисоби 0-2 мағлуб гашт. Дастаи занонаи волейболи соҳилии Тоҷикистон 18-уми ноябр бо тими Ҷопон бозӣ мекунад.

Ҳоло дар ҳисоби умумидастаи мунтахаби Тайланд бо касби 42 медал, аз он ҷумла 13 нишони тилло, 12 медали нуқра ва 17 нишони биринҷӣ дар ҷойи аввал аст. Мунтахаби Ҷопон бо касби 12 медал (6 тилло, 3 нуқра ва 3 биринҷӣ) дар ҷойи дувум қарор дорад.Варзишгарони Муғулистон, ки 9 медал (6 тилло, 3 биринҷӣ) ба даст овардаанд, дар мақоми севум мебошанд.     

Умуман, то ҳоло варзишгарони 32 кишвар медалҳои бозиҳоро соҳиб шудаанд ва намояндагони 21 кишвар, аз он ҷумла Тоҷикистон, ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф гаштаанд. Тоҷикистон бо ду медал – як тилло ва як биринҷӣ дар ҷойи 20-ум қарор дорад.

Аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, инчунин, варзишгарони Қазоқистон 14 медал (5+4+5), Узбакистон 8 медал (2+0+6), Туркманистон 9 медал (1+3+5) ва Қирғизистон 2 медали нуқра ба даст овардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.