Қарзҳои бефоиз барои таъмини бозорҳои пойтахт бо махсулоти ниёзи аввалия

Дар мақомоти шаҳрдории Душанбе оид б баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, пеш аз ҳама ҳолати амалишавии тадбирҳои роҳанозишуда ҷиҳати ғановати бозор бо маҳсулоти ниёзи аввалия таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо натиҷагирӣ ва зери назорати ҳамарӯза қарор додани ҷараёни ғанӣ гардонидании […]

ASIA-Plus


Дар мақомоти шаҳрдории Душанбе оид б баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр, пеш аз ҳама ҳолати амалишавии тадбирҳои роҳанозишуда ҷиҳати ғановати бозор бо маҳсулоти ниёзи аввалия таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи кории шаҳрдорӣ доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо натиҷагирӣ ва зери назорати ҳамарӯза қарор додани ҷараёни ғанӣ гардонидании бозори истеъмолӣ ва ташкили ярмакаҳо Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷуҳи директори корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе», раисони ноҳияҳои шаҳр ва роҳбарони мақомоти марбутаро оиди иҷрои якмароми муқаррароти шаҳрдорӣ нигаронида, дастур фармуд, ки тамоми потенсиали мавҷуда баҳри ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони шаҳр ва роҳ надодан ба таври стихиявӣ болобарии нархҳо дар бозорҳои коммуналӣ ва шахсии дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолияткунанда равона карда шавад.

Гузашта аз ин, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф карда шуд, ки  тибқи тартиби муқарраргардида ба КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ва бозорҳои коммуналии шаҳр, ки муассисашон Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад, баҳри пешгирии болоравии нархҳои молҳои ниёзи аввалия ҷиҳати дахолати молӣ оиди харидорию пешниҳодоти номгӯи молҳои алоҳида маблағҳои зарурии бефоизро дар давоми соли молиявӣ аз буҷети шаҳр ҷудо намояд.

Бо дахли масоили омодагиҳо ба мавсими зимистонгузаронӣ  таъкид сохт, соҳаҳою сохторҳои  марбута ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015»  фаъолияти анҷомдодаи тамоми сохторҳои зидахли хизматрасон  мавриди санҷишу таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шавад, то дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе нисбати ҳар кадоме аз масъулин чораҳои дахлдор роҳандозӣ гардад. 

Дар идома бар он таваҷҷуҳи муовинони Раиси шаҳр, раисони ноҳияҳо ва роҳбарони субъектҳои муҳандисии шаҳрро ба он ҷалб намуд, ки вобаста аз имкониятҳои истеҳсоли нерӯи гармӣ аз ҷониби сохторҳои марбутаи ШСХК «Барқи Тоҷик» ва нақшаи фарогирии гармитаъминкунӣ дар мавсим омодагии бинову иншоотро барои қабули гармӣ  таъмин намоянд.

Дар иртибот ба ҳолати роҳҳо, ҷараёни корҳои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири онҳо, танзими хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳр аз фаъолияти сарпарасти соҳа – муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҳакимов Н.Ҳ. изҳори нигаронӣ намуда, дастур фармуд, ки баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои таъхирнопазир андешад.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.