Коршиносон: Мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҷанбаи муҳим касб мекунад

Дар гузориши лоиҳавӣ-таҳлилӣ таҳти унвони «Ҳамгиройии авруосиёии Тоҷикистон: харитаи роҳ барои ҷомеаи коршиносон», ки аз ҷониби коршиносони Клуби коршиносони Осиёи Марказӣ «Рушди авруосиёӣ» таҳия ва аввали ҳафта дар Душанбе пешниҳод гардид, зикр мегардад, ки масъалаи мавҷуд набудани ҳусни тафоҳум миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи мақоми ҳуқуқии манотиқи наздимарзии онҳо яке аз мушкилоти сиёсии минтақа аст, […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар гузориши лоиҳавӣ-таҳлилӣ таҳти унвони «Ҳамгиройии авруосиёии Тоҷикистон: харитаи роҳ барои ҷомеаи коршиносон», ки аз ҷониби коршиносони Клуби коршиносони Осиёи Марказӣ «Рушди авруосиёӣ» таҳия ва аввали ҳафта дар Душанбе пешниҳод гардид, зикр мегардад, ки масъалаи мавҷуд набудани ҳусни тафоҳум миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи мақоми ҳуқуқии манотиқи наздимарзии онҳо яке аз мушкилоти сиёсии минтақа аст, ки ҳалли ҳарчи зудтарро тақозо мекунад.

Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки бо узвияти Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) пеш аз Тоҷикистон, ин мушкилот ҷанбаи муҳиму вижа касб мекунад.

«Агар аз як тараф таъину аломатгузории пурраи марзи берунаи ИИАО дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон маблағи зиёд, гузаштҳои дуҷониба ва вақтро тақозо кунад, аз ҷониби дигар, дар сурати минбаъд ба узвияти ИИАО пазируфта шудани Тоҷикистон, ҳамаи ин як кори беҳуда хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, аён аст, ки бо назардошти вазъ барои ҳалли ин мушкилот муҳлати хеле кам пешбинӣ шудааст», – қайд мешавад дар гузориш.

Дар гузориш таъкид мегардад, ки таҳияи формулаи барои ҳарду ҷониб қобили қабули ҳаллу фасли мухолифатҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон зарур аст.

«Дар сурати қабули қарори ниҳоӣ бобати ба узвияти ИИАО пазируфта шудани Тоҷикистон, ин метавонад формулаи давра гузариш бошад, ки дар ин давра назорати гумрукии бояду шоядро бо тартиби афзалиятнок ҳарду ҷониб таъмин мекунанд. Онҳоро кормандони мақомоти гумруки Русия ва Қазоқистон ва Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ низ дастгирӣ карда метавонанд. Чунин таҷриба ба модели ҳамкории мақомоти гумруки ҳарду кишвар дар оянда, аллакай дар доираи ИИАО асос гузошта метавонад», – чунин мешуморанд муаллифони гузориш.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.