Гӯшаи Тоҷикистон дар чорабинии Бунёди хайрияи СААШ

Ахири ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Брюссел дар қароргоҳи Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) 46-умин чорабинии солонаи Бунёди хайрияи СААШ бо иштироки 41 кишвари аъзо ва шарики Созмон барпо гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, имсол Тоҷикистон аъзои Бунёди хайрияи СААШ шуд, ки он соли 1968 бо мақсади ҷамъоварии маблағ барои дастгирии лоиҳаҳои байналмилалии […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Брюссел дар қароргоҳи Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) 46-умин чорабинии солонаи Бунёди хайрияи СААШ бо иштироки 41 кишвари аъзо ва шарики Созмон барпо гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, имсол Тоҷикистон аъзои Бунёди хайрияи СААШ шуд, ки он соли 1968 бо мақсади ҷамъоварии маблағ барои дастгирии лоиҳаҳои байналмилалии хайриявӣ таъсис ёфтааст. Ин иттиҳодияи ғайритиҷоратӣ ҳамасола чорабиниро бо муаррифии гӯшаҳои миллӣ ва тарабхонавии кишварҳои аъзо, инчунин лотереяи тӯҳфаҳои миллӣ баргузор менамояд.

Гуфта мешавад, бо иштироки Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СААШ ва дастгирии фаъолони диаспораи тоҷик дар Белгия ва Нидерланд, дар гӯшаи миллии Тоҷикистон ба меҳмонони чорабинӣ ашёҳои гуногуни анъанавии истеҳсоли косибии миллӣ – ҷавоҳирот, тӯҳфаҳои хотирмон, маснуоти сангӣ, зарфҳо, расмҳои “кундал”, либосҳои миллии ороишии мардонаву занона ва ҷузъиёти онҳо, тухмиҳои гулҳо, меваҳои хушк ва қаннодӣ, инчунин китобҳо ва руқъаҳо дар бораи Тоҷикистон пешкаш гардиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки садҳо меҳмонони чорабинӣ, аз ҷумла намояндагони баландпояи Иттиҳоди Аврупо, СААШ, дигар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, сафирони муқими шаҳри Брюссел, инчунин кормандони сершумори васоити ахбори оммаи аврупоӣ аз гӯшаи миллии Тоҷикистон дидан карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.