Воридоти орд ба Тоҷикистон қариб 20% коҳиш ёфт

Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти орд ба Тоҷикистон тақрибан 19% коҳиш ёфта, ҳамзамон ҳаҷми воридоти гандум ба ҷумҳурӣ беш аз 20% афзуд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 60 млн. доллари ИМА наздики 145 ҳазор тонна орд ворид шудааст. […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти орд ба Тоҷикистон тақрибан 19% коҳиш ёфта, ҳамзамон ҳаҷми воридоти гандум ба ҷумҳурӣ беш аз 20% афзуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-октябри соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи умумии ҳудуди 60 млн. доллари ИМА наздики 145 ҳазор тонна орд ворид шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии наздики 64 млн. доллари ИМА 148 ҳазор тонна орд ворид гардида буд.

Тибқи маълумоти Агентии омор, дар ин давра ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 180 млн. доллари ИМА қариб 605 ҳазор тонна гандум ворид карда шудааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии ҳудуди 167 млн. доллари ИМА 501 ҳазор тонна гандум ворид гардида буд.

Дар ҳамин ҳол, моҳи октябри соли равон ба Тоҷикистон тақрибан 20 ҳазор тонна орд ва 105 ҳазор тонна гандум ворид карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки воридоти орду гандум ба Тоҷикистон қариб пурра Қазоқистон сурат гирифта, дар ҳаҷми начандон зиёд аз Русия низ ворид карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.