Дархости баргузории гирдиҳамойии саҳҳомони бозори «Ином» рад шуд

Мақомоти шаҳрдории Душанбе имрӯз расман дархости саҳҳомони бозори «Ином»-и ноҳияи Шаҳритӯс дар бораи санаи 5-уми декабр дар пойтахт, назди бинои Суди олии иқтисодии Тоҷикистон баргузор намудани гирдиҳамойии эътирозиро рад намуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод. Бино ба гуфти манбаъ, қарори рад шудани дархост аз ҷониби мақомоти шаҳрдории […]

Аваз Юлдошев



Мақомоти шаҳрдории Душанбе имрӯз расман дархости саҳҳомони бозори «Ином»-и ноҳияи Шаҳритӯс дар бораи санаи 5-уми декабр дар пойтахт, назди бинои Суди олии иқтисодии Тоҷикистон баргузор намудани гирдиҳамойии эътирозиро рад намуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод.

Бино ба гуфти манбаъ, қарори рад шудани дархост аз ҷониби мақомоти шаҳрдории пойтахт имрӯз ба соҳибмулки бозор Санавбар Абдуллоева супурда шудааст.

«Дастандаркорони гирдиҳамойӣ, ки ба мақомоти шаҳрдорӣ бо дархости иҷозаи баргузории гирдиҳамойӣ дар Душанбе муроҷиат карданд, талаботи қонуни ҶТ «Дар бораи маҷлисҳо»-ро риоя накардаанд», – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки рӯзи 13-уми ноябр саҳҳомони бозори «Ином»-и ноҳияи Шаҳритӯс бо дархости баргузории гирдиҳамйоӣ дар Душанбе ба мақомоти шаҳрдории пойтахт муроҷиат карда буданд.

Соҳибмулки бозор додарарӯси президенти Тоҷикистон Муҳибулло Саъдуллоевро дар ғасби ғайриқонунии 50%-и саҳмияҳои бозори «Ином» муттаҳам мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.