Э.Раҳмон аз ноҳияи Мастчоҳ вакили анҷумани XII-уми ҲХДТ интихоб шуд

Date:



Президенти Тоҷикистон, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз бахши ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд вакили анҷумани пешазинтихоботии ҳизб интихоб шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» Усмон Солеҳ, мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Дастгоҳи КИМ ҲХДТ хабар дод.

Бино ба гуфтаи ӯ, то имрӯз ба ҷуз шаҳри Душанбеву вилояти Хатлон, дигар аз тамоми минтақаҳои кишвар вакилони анҷумани навбатии 12-уми ҳизб, ки санаи 13-уми декабр дар пойтахт бо иштироки беш аз 1 ҳазору 200 нафар вакилон аз саросари ҷумҳурӣ доир мегардад, интихоб шудаанд.

«Дар анҷуман ба ҷуз эълони рӯйхати ҳизбӣ ҷиҳати иштирок дар интихоботи парлумонӣ, ҳамчунин аз фаъолияти 20-солаи ҳизб низ натиҷагирӣ мешавад. Чун яке аз чорабиниҳои асосии анҷуман таҷлили ҷашни 20-умин солгарди таъсисёбии ҳизб аст, айни замон масъалаи даъвати ҳайати як қатор ҳизбҳои ҳокими ҷаҳон ба кори анҷуман мавриди баррасӣ қарор дорад», – қайд кард номбурда.

Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 10-уми декабри соли 1994 таъсис ёфта, айни замон шумори аъзои он ҳудуди 250 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳудуди 40 дарсади аъзои ҳизб ҷавонон мебошанд. Раиси ҳизб президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст. Аксари аъзои ҳукумат, вакилони палатаи поёнии парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқи вилоят ва шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аъзои ҲХДТ мебошанд.

То имрӯз ҳамаи 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон санаи баргузории анҷуманҳои пешазинтихоботии худро муайян карданд. Анҷуманҳои пеш аз интихоботро Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 13-уми декабр, Ҳизби коммунисти Тоҷикистон – 27-уми декабр, Ҳизби сотсиалист – 17-уми декабр, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон – 10-уми декабр, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 16-уми декабр, Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 18-уми декабр, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 13-уми декабр ва Ҳизби демократии Тоҷикистон – 20-уми декабр баргузор мекунанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related