Коршиносон: Мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон ҷанбаи муҳим касб мекунад

Date:



Дар гузориши лоиҳавӣ-таҳлилӣ таҳти унвони «Ҳамгиройии авруосиёии Тоҷикистон: харитаи роҳ барои ҷомеаи коршиносон», ки аз ҷониби коршиносони Клуби коршиносони Осиёи Марказӣ «Рушди авруосиёӣ» таҳия ва аввали ҳафта дар Душанбе пешниҳод гардид, зикр мегардад, ки масъалаи мавҷуд набудани ҳусни тафоҳум миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар масъалаи мақоми ҳуқуқии манотиқи наздимарзии онҳо яке аз мушкилоти сиёсии минтақа аст, ки ҳалли ҳарчи зудтарро тақозо мекунад.

Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки бо узвияти Қирғизистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) пеш аз Тоҷикистон, ин мушкилот ҷанбаи муҳиму вижа касб мекунад.

«Агар аз як тараф таъину аломатгузории пурраи марзи берунаи ИИАО дар сарҳади Қирғизистону Тоҷикистон маблағи зиёд, гузаштҳои дуҷониба ва вақтро тақозо кунад, аз ҷониби дигар, дар сурати минбаъд ба узвияти ИИАО пазируфта шудани Тоҷикистон, ҳамаи ин як кори беҳуда хоҳад буд. Дар ҳамин ҳол, аён аст, ки бо назардошти вазъ барои ҳалли ин мушкилот муҳлати хеле кам пешбинӣ шудааст», – қайд мешавад дар гузориш.

Дар гузориш таъкид мегардад, ки таҳияи формулаи барои ҳарду ҷониб қобили қабули ҳаллу фасли мухолифатҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон зарур аст.

«Дар сурати қабули қарори ниҳоӣ бобати ба узвияти ИИАО пазируфта шудани Тоҷикистон, ин метавонад формулаи давра гузариш бошад, ки дар ин давра назорати гумрукии бояду шоядро бо тартиби афзалиятнок ҳарду ҷониб таъмин мекунанд. Онҳоро кормандони мақомоти гумруки Русия ва Қазоқистон ва Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ низ дастгирӣ карда метавонанд. Чунин таҷриба ба модели ҳамкории мақомоти гумруки ҳарду кишвар дар оянда, аллакай дар доираи ИИАО асос гузошта метавонад», – чунин мешуморанд муаллифони гузориш.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...