Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва ҷиҳати таъмини омодагии ҳамаҷонибаи соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёт ба мавсими тирамоҳу зимистон имрӯз қарор ба имзо расонид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, тибқи қарори мазкур дар робита ба баргузории корҳои таъмир дар шабакаҳои обтаъминкунии пойтахт, аз соати 22:00 рӯзи 19 ноябр то соати 24-00 рӯзи 20 ноябри соли 2014 интиқоли оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дьяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказӣ (ноҳияи Сино); – хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, И.Сомонӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Озодии занон, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин, Теҳрон (ноҳияи И.Сомонӣ) қатъ мегардад.
Гуфта мешавад, аз соати 22:00 рӯзи 25 ноябр то соати 24-00 рӯзи 26 ноябри соли 2014 интиқоли оби нӯшокӣ ба маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, Чашмасор, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Тельман, Анзоб, Гулистон, Зайнаб бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ (ноҳияи И.Сомонӣ; маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2 кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Мичурин, А.Раҷабовҳо ва Айнӣ аз хонаи 1то 77 (ноҳияи Шоҳмансур); маҳаллаҳои Меҳробод, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Испечак 1,2,3, Қазоқон-1,2, Қарамишкор ва Муҳандис, шахракҳои 82,91,92,101,102,112, Испечак 1,2 ва Зарафшон 1,2(ноҳияи Сино) ва кӯчаи Қаҳҳоров, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор, Н.Қарабоев, то кӯчаи Ҷомӣ, Миралӣ, шаҳракҳои 23, 24, 41, 42, 43, 44, 45, 46 ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии ш. Душанбе (ноҳияи Фирдавсӣ) қатъ мегардад.
Зикр мегардад, ки аз соати 22:00 рӯзи 02 декабр то соати 24:00 рӯзи 03 декабри соли 2014 интиқоли оби нӯшокӣ ба шаҳракҳои 43, 64, 65 ва кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ (ноҳияи Фирдавсӣ) ва шаҳракҳои 11,12, 13, 14, 15, 31, 32, 33, 52, 53 82, 83, 84, 103, 104, Гипрозем, 80-солагии Пойтахт, кӯчаҳои Нахимов, Миралӣ, Юсуф Вафо, Котовский, Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи-нав, Ҳаёти нав (ноҳияи Сино) қатъ карда мешавад.
Мақомоти шаҳрдории Душанбе аз сокинони кӯчаву маҳаллаҳои пойтахт дархост мекунад, ки дар рӯзҳои зикршщуда оби нӯшокиро захира намоянд.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки ба раисони ноҳияҳои пойтахт ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дастур дода шудааст, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.



Чаро омадагии ба мавсими
Чаро омодаги ба мавсими тирамоху зимистонро дар охири мохи ноябр сар мекунанд? Пул дар буча мондааст, онро бояд сарф кард.