Шукурҷон Зуҳуров сафири Молдоваро ба ҳузур пазируфт

Date:



Раиси Маҷлиси намсояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо сафири мухтор ва фавқуллодаи Ҷумҳурии Молдова дар Тоҷикистон Андрей Галбур мулоқот намуд. 

Тибқи иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов, зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров изҳори итминон кард, ки  сафири тозтаъини Молдова дар таърихи муносиботи Душанбе ва Кишинёв саҳифаҳои тозаеро боз карда, ба роҳандозӣ ва таҳкими бештари робитаҳои Кишинёв бо Душанбе мусоидат хоҳад намуд.

Ба иттилои манбаъ, Шукурҷон Зуҳуров иброз намуд, ки муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Молдова тамоюли рӯ ба густаришро дошта, асоси ҳамкориҳо бештар дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла, Созмони Милалӣ Муттаҳид, Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ифода мегардад. Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муносибатҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд, комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ фаъолият менамояд, ки ҷаласаи якуми он ноябри соли 2004 баргузор шуда буд. 

Ҳамзамон ҷонибҳо ба нақша гирифтаанд, ки дар ҷаласаи навбатӣ ҷиҳати таҳкими робитаҳои ҳамкорӣ барои давраҳои минбаъда, масъалаҳои тавсеаи асоси шартномавию ҳуқуқӣ, ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду савдо, илму фановарӣ, сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои муштарак, энергетика ва саноат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, кишоварзӣ, варзиш, сайёҳӣ ва фарҳангу тандурустиро ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор диҳанд. 

Зикр гардид, ки то кунун миёни Тоҷикистону Молдова 14 санади меъёрию ҳуқуқӣ ба имзо расидааст. Раванди муносибатҳои байниҳамдигарии Тоҷикистону Молдова ҳамчунин дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ низ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст. 

«Дар баробари ин, -гуфт Шукурҷон Зуҳуров. – Ҳарду кишвар дорои имконоту иқтидори фаровони ҳанӯз истифоданашуда, махсусан дар соҳаҳои истеҳсолию саноатӣ, равобити тиҷоратӣ ва сайёҳию фарҳангӣ мебошанд, ки истифода аз онҳо метавонад доираи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба маротиб васеъ гардонад». 

Нақши парлумонҳои мо дар таҳкими ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳои якдигар хеле муҳим ва назаррас мебошад, – таъкид кард, – Раиси Маҷлиси намояндагон ва афзуд, ки аз ин рӯ, мо бояд ҳарчи бештар робитаҳои байнипарлумонии мамлакатҳоямонро тақвият бахшем. Вай фаъол будани гурӯҳи дӯстӣ байни парлумонҳои Тоҷикистону Молдоваро қадами бисёр муҳим ҷиҳати тақвият ёфтани робитаҳои байнипарлумонӣ ва дар ин замина густариши дигар соҳаҳои ҳар ду мамлакат арзёбӣ намуд. 

Сафири Молдова дар дар навбати худ изҳор дошт, ки кишвараш Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дӯстони асосӣ ва муҳимтарин шарики худ дар минтақа медонад ва барои таҳкими муносибот бо ин кишвар аз тамоми фурсатҳо истифода хоҳад кард. Тоҷикистон дар Осиёи Маркази яке аз он кишварҳое ба ҳисоб меравад, ки бо Ҷумҳурии Молдова хеле дустии самимию холисона дорад ва мо ин нуқтаро хеле қадрдони менамоем. 

Мавсуф иброз намуд, ки вай ҳамчун сафир аз тамоми таҷрибаи дипломатии худ дар заминаи таҳкими муносиботи дӯстонаи байни Тоҷикистону Молдова истифода хоҳад кард. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related