Аввалин гипермаркети ширкати «Ашан» дар Душанбе

Date:



Ба туфайли маблағгузории Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) дар шаҳри Душанбе таҳти бренди «Ашан» аввалин гипермаркет кушода мешавад.

Аз намояндагии БАТР дар Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки бо ин мақсад бонк ба «Шивер Тоҷикистон» – ширкати фаръии гурӯҳи Schiver – ширкати фаронсавӣ, ки шарики гурӯҳи «Ашан» дар Фаронса ва Лаҳистон аст, дар ҳаҷми 5 млн. евро маблағ ҷудо мекунад.

«Гипермаркети нав бо майдони 5 000 метри мураббаъ натанҳо ба афзоиши рақобатпазирӣ ва коҳиши нархҳо, балки ба ҷорӣ гардидани меъёрҳои нави сифати маҳсулот ва беҳбуди шароити санитариву гигиенӣ ва хизматгузориҳо мусоидат мекунад», – гуфтанд дар намояндагӣ.

Зимни имзои созишнома дар Душанбе президенти БАТР ҷаноби Сума Чакрабарти дар ин робита изҳор намуд, ки «аз дастгирии ин лоиҳа мо хушнудем ва гузашта аз ин, лоиҳаи мазкур имрӯз сармоягузории бузургтарини корпоративии БАТР дар Тоҷикистон аст. Ифтитоҳи аввалин гипермаркет натаҳо ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум, балки ба роҳандозии меъёрҳои бештар баландтар дар бахши савдои чакана ва муҳайё шудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад».

Дар навбати худ, директори генералии «Шивер Тоҷикистон» Фредерик Лоббе қайд кард, ки «ҷорисозии савдои мусоири чакана як инқилобест барои Тоҷикистон ва дар он расидан ба амнияти ғизоии кишвар пешбинӣ шудааст. Гипермаркети «Ашан» барои ҳама мағозаи писандида бо интихоби маҳсулоти хушсифат бо нархҳои дастрас хоҳад буд».

Қобили зикр аст, ки БАТР саҳҳоми монетарии «Шивер Тоҷикистон» гардида, ҳамчунин ба ширкат барои дастгирии ифтитоҳи гипермаркет қарзи дарозмуҳлат ҷудо мекунад.

То имрӯз БАТР ба Тоҷикистон 360 млн. евро маблағгузорӣ кардааст. Интизорӣ меравад, ки соли 2014 барои бонк дар Тоҷикистон соли рекордӣ хоҳад буд – ҳаҷми сармоягузориҳои солона ҳудуди 100 млн. евроро ташкил хоҳад дод.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...