Дарёфти ҷасадҳои бародарони гумшуда дар ноҳияи Рӯдакӣ

Date:



Сокини 29-солаи пойтахт Меҳроб Каримов ба мақомоти милиса дар бораи бедарак шудани бародаронаш бо ариза муроҷиат кардааст.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар ариза зикр шудааст, ки санаи 6-ноябри соли равон бародаронаш Фарҳод Каримови 34-сола бо автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри» ва Раҷабалӣ Каримови 46-сола бо автомашинаи тамғаи «Ренҷ-ровер», аз хона баромада, бедарак шудаанд.

Гуфта мешавад, оид ба далели гум шудани номбурдагон аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ кофтуков эълон карда шуда, барои дарёфти онҳо гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ созмон дода шудааст.

«Субҳи рӯзи 18-уми ноябр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ҷасадҳои бародарон Каримовҳо бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуданд», – омадааст дар хабари маркази матбуоти ВКД ҶТ.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ дар ин самт идома дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...