Тоҷикон ба Русия танҳо бо шиносномаи хориҷӣ сафар мекунанд

Date:



Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ҳамаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар бораи аз 20-уми ноябр манъ кардани фурӯши билетҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ба самти Русия бо шиносномаҳои дохилӣ огоҳинома фиристод.

Аз маркази матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ дар ин робита огаҳӣ пайдо кардем, ки манъи фурӯши билетҳо бо дархости мақомоти муҳоҷирати ҳукумати Тоҷикистон бо назардошти аз 1-уми январи соли 2015 дар Русия ҷорӣ шудани тартиботи нави вуруд ва будубоши муҳоҷирон сурат мегирад. Мувофиқи қарори ҳукумати Русия, ба шаҳрвандони Тоҷикистон бо шиносномаҳои дохилӣ сафар ба Русия манъ шуда, танҳо шиносномаҳои хориҷӣ эътибор пайдо мекунанд.

Нигаронии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон аз он аст шаҳрвандони аз нимаи дуюми моҳи ноябр ба Русия сафаркарда саривақт аз Русия ба ватан баргашта наметавонанд ва ҳамин тариқ, ба сафи вайронкунандагони қонунгузории муҳоҷирати Русия шомил мешаванд.

Бино ба маълумоти мақомоти муҳоҷират, айни замон барои риоя накардани меъёрҳои гуногуни қонунгузории муҳоҷирати Русия, вуруди беш аз 200 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба қаламрави ин кишвар манъ карда шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...