Пешниҳоди таъсиси Фонди дастгирии муҳоҷирони корӣ дар Тоҷикистон

Date:



Имрӯз дар Душанбе оид ба рафти иҷрои «Стратегияи миллии Тоҷикистон дар бахши муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон барои солҳои 2013-2015», ки моҳи октябри соли 2011 тасдиқ гардида буд, музокироти парлумонӣ сурат гирифт.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии паатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳамадато Султонов хабар дод, дар музокирот таҳти раёсати раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров ба ҷуз вакилон, ҳамчунин муовини нахуствазири ҷумҳурӣ Марҳабо Ҷабборӣ ва роҳбарони вазорату идорахои дахлдори кишвар ширкат варзиданд.

Зимни суханронӣ дар робита ба ин масъала Шукурҷон Зуҳуров изҳор намуд, ки имрӯз беш аз 1 млн. нафар шаҳрвандони коршоями Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор дошта, сарфи назар аз фаъолияти беш аз 30 агентиҳои бо кор таъмин намудани шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, аксари ҳамватанони мо бидуни ҳеҷ кафолату омодагии дахлдор ба Русия сафар мекунанд.

Раиси Кумитаи парлумон оид ба масоили иҷтимоӣ, оила ва тандурустӣ Хайринисо Юсуфӣ қайд кард, ки вакилон бо муҳоҷирон дар Русия вохӯриҳои зиёд барпо мекунанд ва медонанд, ки имрӯз яке аз мушкилоти асосии муҳоҷирон надонистани забони русӣ, расму анъанаҳои миллии Русия ва қонунгузории кишвари будубош аст.

Аз рӯйи натиҷаҳои музокироти парлумонӣ ба сохторҳои ҳукуматӣ пешниҳод шуд, ки масъалаи таъсиси Фонди дастгирии муҳоҷирони корӣ мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шуда, ба тадбирҳо ҷиҳати қатъи фаъолияти ширкатҳои миёнарав дар бахши муҳоҷират тақвият бахшида ва ҳамчунин ба густариши бештари робитаҳо бо диаспораҳои тоҷикон дар Русия кӯшиш ба харҷ дода шавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...