Роҳбаладони қатораи мусофирбари «Душанбе-Маскав» баҳри ба қаламрави Русия ворид кардани як миқдор маводи мухаддири сахттаъсир талош варзидаанд.
Бино ба
итттилои
мақомоти прокуратураи вилояти Астрахани Русия, нисбати шаҳрвандони 22 ва 45-солаи Тоҷикистон оид ба парвандаи ҷиноӣ ба иттиҳоми интиқоли маводи мухаддир тариқи марз ба миқдори ниҳоят зиёд ва омодагӣ ба фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят зиёд хулосаи айбнома тасдиқ шудааст.
Муайян карда шудааст, ки соли гузашта роҳбаладони қатора бо маслиҳати якдигар 30,5 кило маводи мухаддири сахттаъсири героинро, ки дар шишаҳои пластикӣ ҷобаҷо шуда буд, дастрас намуда, ба интиқоли он ба Русия тариқи марзҳои Иттиҳоди гумрукӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авоуосиё кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Маводи мухаддирро минбаъд роҳбаладон ба шахсони номаълум доданӣ будаанд.
Зимни азназаргузаронӣ дар марз ва санҷиши вагон дар вилояти Астрахан кормандони хадамоти фаврӣ пинҳонгоҳ бо маводи нашъаовари героинро дарёфт намуданд. Айни замон парвандаи ҷиноии мазкур ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба суди вилояти Астрахан фиристода шудааст.
Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти Сарраёсати «Мусофиркашонӣ»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» аз шарҳи ин масъала ба журналистон бо баҳонаи серкорӣ худдорӣ мекунанд.


