Вохӯрии раиси вилояти Хатлон бо президенти БАТР дар Норак

Date:



Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода рӯзи 18-уми ноябр дар шаҳри Норак президенти Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ҷаноби Сума Чакрабартиро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, нақлиёт, коммуникатсия, кишоварзӣ ва ғайра баррасӣ шуданд.

Д.Гулмаҳмадзода ба роҳбарияти бонки номбурда пешниҳод кард, ки бо дастгирии молиявии ин бонк дар шаҳри Норак барои истироҳати ҷавонон ва наврасон «Аквапарк» ва роҳи бо банд ҳаракаткунанда то обанбори Норак сохта шавад.

Меҳмонон баъд аз ин вохӯрӣ бо фаъолияти нерӯгоҳи Норак аз наздик ошно гардида, ҳамчунин аз обанбори Норак боздид намуданд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...