Ба мақомоти милисаи ВМКБ сардори нав таъин шуд

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшудаи мақомоти корҳои дохилӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз вазифаҳои басо масъулиятноки мақомоти номбурда, аз ҷумла мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои […]

ASIA-Plus



Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшудаи мақомоти корҳои дохилӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз вазифаҳои басо масъулиятноки мақомоти номбурда, аз ҷумла мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, онҳоро ба баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии худ, тарбияи кадрҳои ҷавон ва беш аз ҳама ба ҷасорату шуҷоат ба ҳангоми иҷрои вазифаҳои пурхатар ва дар айни ҳол пуршараф ҳидоят намуд.

Таъкид гардид, ки садоқат ба халқу Ватан ва иҷрои софдилонаи вазифаҳои хизматӣ бояд ҳамеша дар ҷойи аввал қарор дошта бошад.

Гуфта мешавад, ҳамин тариқ, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сардорони чанде аз раёсатҳои дастгоҳи марказии ин вазорат, роҳбарони як зумра сохторҳои минтақавии мақомоти корҳои дохилӣ ва сардорони якчанд раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иваз карда шуданд. Ному насаби кадрҳои нав зикр нашудааст.

Тибқи баъзе маълумот, сардори нави Раёсати ВКД дар ВМКБ Абдулваҳҳоб Искандаров таъин шудааст, ки қаблан ба ҳайси сардори мақомоти милисаи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон фаъолият дошт.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи июли соли ҷорӣ муовини вазири корҳои дохилии ҶТ Абдулло Навҷувонов муваққтан иҷрокунандаи вазифаи сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ таъин карда шуда буд. Он замон зикр гардида буд, ки Навҷувонов дар вазифаи муовини вазир боқӣ мемонад.

Қабл аз ӯ вазифаи сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ-ро Файзулло Нозимов ишғол мекард, ки пас аз рӯйдодҳои тобистони соли 2012 дар Хоруғ ба ин мансаб таъин шуда буд, аммо фаъолияти ӯ дар ин вилоят пурсамар нашуд. Моҳи марти соли равон сокинони ВМКБ талаб карданд, ки барои аз ҷониби кормандони милиса нисбати 7 нафар сокинони ноҳияи Рӯшон кор гирифтан аз зӯровариву лату кӯб, ки яке аз онҳо бо ҷароҳат ба бемористон бистарӣ шуд, Нозимов муҷозот шавад.

Он замон шоҳидон ба «Азия-Плюс» хабар дода буданд, ки дар ин ҳодиса кормандони милиса таҳти раҳбарии Файзулло Нозимов амал карда буданд.

Моҳи майи соли равон баъди муқовимати мусаллаҳона миёни кормандони милиса ва як гурӯҳи ҷавонони маҳаллӣ, ки бар асари он 3 нафар ҳалок ва якчанд тан ҷароҳат бардоштанд, ҷомеаи шаҳрвандӣ талаб кард, ки «ҷиҳати пешгирии иқдомҳои иғвоангез муваққатан, то рӯшан шудани ҳолатҳои қазия, сардори Раёсати ВКД дар ВМКБ аз мансабаш барканор шавад».

Пас аз ин Нозимов ба рухсатӣ ҷавоб дода шуда, тибқи баъзе маълумот, дигар ӯ дар қаламрави вилоят пайдо нашудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.