Э.Раҳмон фаъолияти Дафтари САҲА дар Тоҷикистонро пурсамар арзёбӣ кард

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Вазири корҳои хориҷӣ-Президенти Конфедератсияи Швейтсария Дидё Буркхалтер мулоқот намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА ва Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки “мо САҲА-ро воситаи муҳими ҳамкории бисёрҷониба дар арсаи байналмилалӣ […]

ASIA-Plus



Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Вазири корҳои хориҷӣ-Президенти Конфедератсияи Швейтсария Дидё Буркхалтер мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар вохӯрӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА ва Конфедератсияи Швейтсария баррасӣ шуда, таъкид гардид, ки “мо САҲА-ро воситаи муҳими ҳамкории бисёрҷониба дар арсаи байналмилалӣ мешуморем ва густариши робитаҳо бо он аз самтҳои афзали сиёсати хориҷии Тоҷикистон аст”.

Ба муносиботи дӯстии дуҷониба ва ҳамкории гуногунпаҳлӯ бо Швейтсария низ аз ҷониби Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд. Ҳамзамон зарурати таҳким ва густариши минбаъдаи робитаҳои ба ҳарду ҷониб судбахш таъкид гардид.

Таваҷҷуҳи зиёд ба ҳамкории Тоҷикистону САҲА дар се самти афзали он – сиёсию низомӣ, иқтисодию экологӣ ва рушди инсонӣ зоҳир карда шуд.

Дар ин замина ба фаъолияти Дафтари САҲА ва Коллеҷи марзбонии ин созмон дар Тоҷикистон баҳои баланд дода шуд.

Доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон ва пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин оид ба рушди ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ гуфтугӯйи судбахш сурат гирифт.

Баррасии масоили вобаста ба рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ва риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ аз мавзӯъҳои суҳбат буд.

Дар робита ба муносиботи Тоҷикистону Швейтсария, аз ҷумла тазаккур дода шуд, ки аз ҷониби ин давлат барои дастгирии рушди иҷтимоию зербиноии Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 250 миллион доллари амрикоӣ маблағҳои грантӣ ҷудо шудаанд ва соли равон барои ҷудо намудани боз 19 миллион се созишномаи нави дуҷониба ба имзо расид.

Ба Швейтсария ҳамчунин барои нақши намоёнаш дар роҳандозии ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки аврупоии навсозӣ ва рушд ва Созмони ҷаҳонии савдо изҳори қадрдонӣ карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.