Барои мутахассисони идораҳои хоҷагии оби ҳавзаи дарёи Исфара оид ба кор бо таҷҳизоти муосири гидрологӣ ва гидрометрӣ, методҳои коркард, захира ва интиқоли маълмот дар бораи об бо мақсади амалисозии идоракунии пурсамари захираҳои обӣ машғулиятҳо гузаронида шуданд.
Давраҳои омӯзишии мазкур аз ҷониби Барномаи рушди СММ дар ҳамдастӣ бо Вазорати энергетика ва захирахои оби ҶТ ва Агентии мелиортасия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ барпо карда шуданд.
Аз намояндагии Барномаи рушди СММ дар Душанбе ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар тренингҳо мутахассисони идораҳои хоҷагии оби шаҳрҳои Конибодому Исфара ва ҳамчунин кормандони иттиҳодияҳои истифодабарандагони об ширкат варзиданд.
Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни машғулиятҳо бо асосҳои назариявӣ ва амалии малакаҳои кор бо таҷҳизоти муосири гидрологӣ ва гидрометрӣ аз наздик ошно гардиданд.
Гуфта мешавад, ин тренинг дар доираи татбиқи лоиҳаи «Мусоидат ба амалисозии ислоҳот дар бахши идоракунии оби Тоҷикистон», ки ба усулҳои Ҳамгиройӣ дар идоракунии захираҳои обӣ асос ёфтааст, баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки лоиҳаи мазкур аз ҷониби Барномаи рушди СММ дар ҳамдастӣ бо Агентии оид ба рушд ва ҳамкории Швейтсария (SDC) маблағгузорӣ шуда, ба беҳбуди идоракунии захираҳои обӣ нигаронида шудааст.


