Сафари расмии Сироҷиддин Аслов ба Кувайт шурӯъ шуд

Date:



Имрӯз, 22 ноябри соли 2014 боздиди расмии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар раъси ҳайати кишвар аз Давлати Кувайт оғоз гардид.  

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушунидҳои Сироҷидиин Аслов бо роҳбарияти олӣ ва ашхоси расмии Кувайт пешбинӣ шудаанд.

Тибқи маълуомти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 10 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Кувайт ҳамагӣ ҳудуди 30 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 49% камтар аст.

Қобили зикр аст, ки тамоми ҳаҷми муомилоти моли имсола миёни кишварҳо ба воридоти маҳсулоти Кувайт ба Тоҷикистон рост меояд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related