Афзоиши назаррасии муомилоти моли Тоҷикистон бо Аврупо

Date:



Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар зарфи 10 моҳи соли равон ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо қариб 60%зиёд шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми моҳҳои январ-октябри соли 2014 ҳаҷми умумии муомилоти моли Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо 766 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки 267 млн. доллари ИМА ба содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Аврупо ва 499 млн.доллари ИМА ба воридоти маҳсулоти аврупоӣ ба кишвари мо рост меояд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Австрия – 52%, Булғористон – 60%, Сан-Марино 62% ва Латвия – 21% афзудааст. Ҳаҷми воридоти мол аз Юнон – 7,3 баробар, Испания – 5,3 баробар, Хорватия – 2,6 баробар ва Шветсия – 6,4 баробар зиёд шудааст.

Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, аз Тоҷикистон ба Аврупо асосан зардолуқоқ, нахи пахта ва маснӯот аз пахта содирот шуда, аз Аврупо ба Тоҷикистон асосан автомашинаҳо, доруворӣ ва таҷҳизоти он, техника ва ғайра ворид карда мешавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...