Парванда нисбати адвокат Шуҳрат Қудратов, ки тобистони соли равон ба гумони даст доштан дар порадиҳӣ
боздошт шуда буд
, ҷиҳати моҳиятан баррасӣ намудан ба суди шаҳри Душанбе фиристода шуд.
Раҳматилло Зойиров, адвокати ӯ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки маводи парванда санаи 20-уми ноябр пас аз баррасӣ дар Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ ба суд ирсол шудааст.
Мурофа оид ба баррасии парвандаи Шуҳрат Қудратов, ки кормандони Агентии зиддифасод мавриди тафтиш қарор доданд, моҳи декабр оғоз мегардад.
Адвокат Шуҳрат Қудратов, ки аз манфиатҳои соҳибкори маҳкумшуда Зайд Саидов ҳимоят карда буд, санаи 21-уми июли соли равон аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ боздошт ва худи ҳамон рӯз ба тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ фирситода шуда, сипас ба тавқигоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар ҳамин ҳол, тавре қаблан хабар дода шуда буд, пас аз барқарор кардани зиёни моддии аз ҷониби адвокат расонидашуда, Шуҳрат Қудратов
мутобиқи қонуни афв
метавонад озод карда шавад.


